33-ЮМИН СОЛАГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Истиқлол ин неъмати бебаҳо, волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷикон мебошад, чунки, ки 33 сол қабл муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд  омадааст. Ин руйдоди фараҳбахш авали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ омада, санаи 09 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муҳим барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.

Аз ин ру мо вазифадорем, ки ҳама гуна амалҳои ба зиндагии осоиштаи башарият таҳдидкунандаро маҳкум ва пешгирӣ карда, талошҳои созанда, дастовардҳои фарҳанг ва дину оинҳои халқу миллатҳои гуногунро ҳамчун ҷузъҳои таркиби тамаддуни башарӣ эътироф намоем ва ба онҳо эҳтиром гузорем.

Соҳибистиқлолии тоҷикон, ин шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 33-соли Истиқлолият дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти тавоно дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд, чунон, ки акнун ҳеҷ гунна тасмимгири дастаҷамъиро дар минтақа бе ҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард. Имрӯз аз баракати истиқлол миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон кули мардуми сайёра мешиносад ва дар арсаи ҷаҳонӣ мақоми хосаеро дорост.

Қабули аввалин Конститутсия дар даврони истиқлолият, ки илҳомбахш ва Асосгузори Сулҳу Ваҳдат Пешвои миллати тоҷикон Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки бори нахустин мувофиқи моддаи 9-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намудани муқарарот дар бораи амали гаштани ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он бо ҳокимияти Қонунгузор, Иҷроия ва Суд ҳамчун шохаи алоҳида ва мустақил замина гузошт, маҳз пас аз қабули конститутсия, зарурияти гузаронидани ислоҳоти конститутсионӣ ва қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои асосие, ки фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба танзим медароранд, ба миён омад.

Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёрии тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки  пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки давлат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ, яъне роҳу усулҳои тараққиёти худро дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра ва ҳамзамон, дар сиёсати хориҷи тарзу усулҳои муносибат бо давлатҳои дигар умуман ҷомеаи ҷаҷониро мустақилона муайян менамояд.

Бояд қайд намуд, ки базе кишварҳое ҳастанд, ки барои ба даст овардани сулҳу оромӣ ва истиқлолият солҳои дароз кӯшиш карда истодаанд, аммо ин чизи муҳим ба зудӣ ба ҳар кас муаясар намешавад.

Мо мардуми тоҷик ҳамеша бояд аз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгӯзор бошем, ки дар замони ноадолатӣ, нобаробарӣ синаи худро сипар намуда, ин неъмати бузургро ба мардуми тоҷик дода тавонист.

Самараи неки Истиқлолият аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон- манбаи омӯзиши сулҳхоҳонаи ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷикмиллат аст. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат намояем.

СУДЯИ СУДИ НОҲИЯИ ВАХШ АМИРШОЗОД ДИЛШОД.