ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ СУДИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СОЛИ 2021 (30.12.2021 сол)

 

Санаи 30 дебкари соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон маҷлиси ҷамъбасти соли 2021 бо иштироки муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Лутфуллозода Шавкат, раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, муовини якум, муовинони раиси суди вилоят, судяҳои суди вилоят, раисон, муовинони раисон ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок намуданд.

Дар маҷлиси мазкур раиси Суди вилояти Хатлон оиди фаъолияти суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон маъруза намуда, сипас маърузаро ба мувини якум ва муовинони раиси суди вилоят вогузор намуд.

 

Баъди маърузаҳои муовинони  раиси суди  вилоят фаъолияти судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мавриди муҳокима қарор гирифта шуд.

 

Дар хотима муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Лутфуллозода Ш. таъкид кард, ки дар соли 2022 камбудиҳои ҷойдошта ислоҳ карда шуда, ҳамаи судяҳо бояд тарафдори сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд ва дар таъмини адолати судӣ уствор буда, даст ба кирдорҳои пастзанандаи шаъну шарафи судяҳо назананд ва аз ин амалҳои нанговар пешгирӣ намоянд.