МАҶЛИСИ РАИСИ СУД БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ


Маҷлисро Раиси суд Муминзода Ҳасан кушода, кормандони судро бо рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик кард. Ӯ, аз ҷумла гуфт, ки Ваҳдати миллӣ иттиҳоду сарҷамъӣ, ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмии як халқ ва ё миллат дар кору афкор баҳри ободонию рушди ватан ва ҳифзи истиқлоли кишвар аст.
Дар маҷлис Раиси суд аз таърихи Ваҳдати миллӣ суханрони намуда қайд намуданд, ки таърих собит намудааст, ки ҳар ҷомеа дар сурате бо низом пеш меравад, ки, агар мардум якдилу якмаром, дӯсту бародар, дастгиру пуштибони ҳамдигар бошанд, ягонагӣ, иттиҳоду ваҳдати миллиро шиори асосии худ қарор дода, ба он арҷ гузоранд, меҳри Ватанро дар дил устувор парвардаву ғамхори халқу миллати хеш бошанд.