МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Имрӯз 7 сентябри соли 2022 дар Суди ноҳияи Вахш бахшида ба таҷлили 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлис баргузор гардид.
Дар маҷлис роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди ноҳия иштирок доштанд.
Дар оғози маҷлис Раиси Суд Муминзода Ҳасан Камол аҳли маҷлисро бо 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик карда, дар бораи моҳияти Истиқлолият ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ суханронӣ намуданд.


Дар идомаи маҷлис судяҳо Иброҳимзода Дурандеш, Амиршозод Дилшод ва Сатторзода Зебо суханрони намуда иштироккунандагонро бори дигар бо фарорасии Ҷашни муқаддаси миллиамон шодбош гуфта, кори маҷлисро хотима бахшиданд.