Мақсад аз баргузории ин гуна вохӯриҳо дар ноҳия фаҳмонидани моҳияти сиёсати давлат дар самти муқовимат ба коррупсия мебошад.
Мақсад аз баргузории ин гуна вохӯриҳо фаҳмонидани моҳияти сиёсати давлат дар самти муқовимат ба коррупсия мебошад. Ва ҳамчунин тарғибу ташвиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия, пешгирию рафъи омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ба амал овардани рӯҳияи зиддикоррупсионӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Дар ҷамъомад зикр гардид, ки муқовимат бо коррупсия ва паст кардани сатҳи он аз муборизаи дастаҷамъона, савияи баланди маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ ва шуурнокии ҳар як фарди ҷомеа вобастагӣ дорад.