ВОХӮРИИ КОРМАНДОНИ СУД ВА ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯ БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ


Санаи 1 майи соли равон Раиси Суди ноҳияи Вахш муҳтарам Муминзода Ҳасан Камол, судяҳо Иброҳимзода Дурандеш, Амиршозод Дилшод ва ёрдамчии прокурор Раҳмонзода Шамсидин бо кормандони соҳаи тиб вохӯрӣ доир гардид. Дар ин вохӯрӣ Раиси суд муҳтарам Муминзода Ҳасан Камол оид ба сатҳи ҳуқуқии шаҳрвандон ва масъалаи коррупсия ва пешгирии он маърӯза намуданд. Аз ҷумла дар маърузаашон қайд рафт, ки дар рафти муносибатҳои меҳнатӣ дар соҳаи тиб ва дигар соҳаҳо амалҳои коррупсионӣ ба қайд гирифта шуда, аз рӯи он шаҳрвандон ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат менамоянд. Инчунин дар доираи мавзӯъҳои пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва муносибату муоширати дуруст бо беморон сӯҳбати озод намуданд.

Дар мавзӯъҳои ифротгароӣ ва тарроризм, пешгирии ҷиноят ва маърифати ҳуқуқӣ судяҳо Иброҳимзода Дурандеш ва Дилшод Амиршозод ва ёрдамчии прокурори ноҳия Раҳмонзода Шамсиддин Шариф аз иқтибосҳо аз Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавзӯъҳои назорати риояи иҷрои якхелаи қонунҳо дар ноҳияи Вахш суханронӣ намуданд.