ВОХӮРИИ РАИСИ СУД ВА СУДЯҲОИ СУДИ НОҲИЯ БО КОРМАНДОНИ БЕМОРХОНАИ КӮМАКИ АВВАЛИЯИ ТИББИЮ САНИТАРИИ НОҲИЯ

Дар ин вохӯри Раиси суд Муминзода Ҳасан камол вобаста ба ҷашни 30-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда дар баромади худ қайд карданд, ки дар баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсия пеш омад. Ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба марҳалаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид шуданд ва дар кишвар давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа оғоз гардид.

Конститутсия худ чист? Конститутсия гуфта қонуни асосии давлатро меноманд, ки дорои қувваи олии ҳуқуқӣ буда, бо тартиби махсус, аз ҷониби мақомоти давлатии барои қабули конститутсия ваколатдоршуда (парламент, корпуси интихоботӣ, маҷлиси муассисон) ё дар райпурсӣ аз ҷониби халқ қабул карда шуда, муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятиро ба танзим медарорад.

Конститутсия ҳуҷҷати расмии дорои аҳмияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, яъне ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ аст, ки дар он масъалаҳои асосии ҳокимияти давлатӣ, асосҳои сохтори иқтисодию иҷтимоии ҷамъият, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, сохтори давлатӣ ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳими давлатӣ ва ҷамъиятӣ муқаррар мешавад. Қабули Конститутсияро омилҳои иҷтимою иқтисодӣ ва сиёсии ҷамъият муайян менамояд, яъне шаклҳои моликият ва ташкили фаъолияти иқтисодӣ, муносибати шахс бо давлат муҳимтарин ҳуқуқу вазифаҳои онҳо, таносуби қувваҳо гурӯҳҳои иҷтимоии ҷамъиятро дар низоми сиёсӣ аниқ сохта таъинот, вазифаҳо, тарикби дохилӣ ва инчунин мақомоти худидора дар маҳалҳо-ҷамоатро инъикос менамояд. Ҳар як Конститутсия новобаста аз низоми иҷтимоии давлат вазифаҳои муассисӣ, ташкилкунандагӣ, сиёсати беруна, идеологӣ (ғоявӣ) ва ҳуқуқиро адо менамояд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро дар арсаи ҷаҳон қонунан эълом дошт, ки дар он қонуниятҳои инкишофи давлатдории тоҷикон дар назди наслҳои ҳозира ва оянда муқаррар шудааст. Дар муқаддимаи Конститутсия зикр гардидааст, ки халқи Тоҷикистон қисми ҷудонашвандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор додааст.

Судяи суди ноҳия Амиршозод Дилшод дар ин вохӯри вобаста ба таърихи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд кард гузаштанд.

Тоҷикистон аз соли 1929 то имрӯз, 5 маротиба, солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 Конститутсия қабул кардааст. Конститутсияи амалкунанда аз конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал намуда, ба стандартҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 ба стандартҳои байналмилалии ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, аз меъёрҳои Эъломияи ҳуқуқи башар сарчашма гирифтааст. Зеро дар моддаи якуми боби аввали Конститутсияи кишвар -Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ муаррифӣ карда шудааст. Давлат ба тамоми табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасони ятиму бепарастор, оилаҳои камбизоат, пирони дастнигару бемор, маъюбон ва ғайраро зери парасторӣ ва ҳамхории махсус гирифтааст.
Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардида, раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ҳамчун ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ эътироф шудааст.
Конститутсия, ки метавон онро шиносномаи давлат ва бахтномаи миллат номид, бори нахуст Тоҷикистонро ба ҷаҳониён чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ намуд.
Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории навин беҳамто буда, он ҷамчун санади олии сиёсию ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷати муҳими сарнавиштсоз таҷассумгари ғояҳо ва арзишҳои миллии мо мебошад.
Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад.