БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ НОҲИЯВИИ МУТОБИҚСОЗИЮ МЕТОДӢ ОИД БА ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН ДАР НОҲИЯИ ВАХШ

Санаи, 23-юми феврали соли равон, дар ноҳияи Вахш зери роҳбарии раиси ноҳия Вахш Қурбоналӣ Юсуфзода ҷаласаи Шӯрои ноҳиявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси ноҳия доир шуд.

Дар кори ҷаласа, аъзоёни Шӯро, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони ВАО ва ҳамчунин дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Раиси суди ноҳияи Вахш Назарзода Аҳлиддин дар мавзӯи «Андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати зиёд намудани мурофиаи сайёри судӣ ва гузаронидани вохӯриҳо бо колективҳои меҳнатӣ ва аҳолӣ вобаста ба баҳсҳои рӯзмарра аз ҷумла оид ба масъалаҳои ҳуқуқии хусусияти маданӣ, оилавӣ, меҳнати, манзил ва иқтисод дошта» дар кори Шӯро баромад карданд.