Суди ноҳияи Вахш дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Суди Олӣ ҷиҳати сазовор таҷлил кардани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар саҳни муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 ҳудуди Ҷамоати деҳоти 20 солагии Итиқлолияти Тоҷикистон ноҳяи Вахш як китобхонаи наву замонавӣ муҷаҳҳаз бо мебелу китобҳои хонданӣ барои окинони Ҷамоат ва хонандагони муассисаи мазкур сохта ба истифода диҳад.
Дар ин робита, рӯзи 9 майи соли ҷорӣ бо иштироки раис ва кормандони суди ноҳия санги асоси бинои китобхона гузошта шуда, корҳои сохтмонӣ шуруъ гардид.



Суди ноҳияи Вахш 
