“Футбол – омили муҳими таҳкими дӯстӣ ва тарбияи ҷомеаи солим”

Имрӯз футбол ҳамчун яке аз маъмултарин ва дӯстдоштатарин намуди варзиш дар ҷаҳон мавқеи махсусро соҳиб буда, миллионҳо нафарро сарҷамъ месозад. Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол бозгӯи аҳамияти бузурги ин намуди варзиш дар таҳкими дӯстӣ миёни халқҳо, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди неруи ҷисмониву маънавии ҷавонон мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи варзиш, аз ҷумла футбол, таҳти сиёсати хирадмандона ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду нумуи беандоза пайдо намудааст. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар сохтмони майдончаҳои варзишӣ, толорҳои муосир ва фароҳам овардани шароити мусоид барои наврасону ҷавонон далели таваҷҷуҳи махсуси давлат ба рушди варзиш ба шумор меравад.

Футбол танҳо бозӣ нест. Ин мактаби бузурги тарбияи инсон мебошад. Ин намуди варзиш дар қалби ҷавонон ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба қонун, интизом, сабру таҳаммул ва масъулиятшиносиро ташаккул медиҳад. Маҳз тавассути варзиш инсон ба қадри ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ ва ҳамбастагӣ мерасад. Ҷавононе, ки ба варзиш машғуланд, бештар дорои ахлоқи ҳамида, ҷаҳонбинии солим ва иродаи қавӣ мебошанд.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ футболро ҳамчун воситаи муҳими муттаҳидсозии мардум мешиносад. Мусобиқаҳои байналмилалӣ нишон медиҳанд, ки новобаста аз миллат, забон ва фарҳанг, варзиш метавонад мардумро ба ҳам оварад ва фазои сулҳу дӯстиро таҳким бахшад. Ин арзишҳо барои ҷомеаи муосир бисёр муҳим мебошанд.

Дар Тоҷикистони азизи мо низ таваҷҷуҳи ҷавонон ба футбол рӯз аз рӯз бештар гардида, дастаҳои футболи кишвар дар мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ иштироки фаъолона доранд. Пирӯзиҳои варзишгарони тоҷик мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди мамлакат буда, ҳисси худшиносиву ватандӯстиро дар ҷомеа таҳким мебахшанд.

Ҳамзамон бояд таъкид намуд, ки тарғиби варзиш ва ҷалби ҷавонон ба машғулиятҳои футбол яке аз роҳҳои муҳими пешгирии ҷинояткорӣ, амалҳои номатлуб ва дигар омилҳои манфӣ дар байни наврасону ҷавонон ба ҳисоб меравад. Ҷавоне, ки вақти худро ба варзиш мебахшад, барои худ ҳадафи муайян интихоб намуда, дар роҳи расидан ба муваффақият талош менамояд.

Мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, падару модарон ва тамоми ҷомеа вазифадоранд барои тарбияи насли ҷисману маънан солим ва рушди футбол шароити мусоид фароҳам оваранд. Зеро ояндаи давлат аз ҷавонони солиму соҳибмаърифат вобастагии калон дорад.

Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми варзишгарон, мураббиён, ҳаводорони футбол ва ҷавонони кишварро ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол самимона табрик намуда, ба ҳар яки онҳо саломатии бардавом, руҳияи устувор, неруи тоза ва комёбиҳои бузург орзу менамоям. Бигзор футбол ҳамеша василаи дӯстӣ, сулҳ ва ваҳдати мардумон бошад.

 

Бо эҳтиром:

Назарзода Аҳлиддин

Раиси Суди ноҳияи Вахш