


МУРОФИАҲОИ САЙЁРИ СУДӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ ВАХШ
Рӯзҳои 16 ва 17 феврали соли 2026, дар шуъбаи маориф ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Вахш аз ҷониби судяҳои суди ноҳияи Вахш мурофиаҳои сайёри судӣ баргузор гардида, дар онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаи 164 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ) мавриди баррасӣ қарор дорда шуданд.
Зимни муҳокимаи судии парвандаҳо сабабу шароит ва омилҳои содиршавии ҷиноятҳо, роҳҳои пешгирӣ, инчунин мазмуну моҳияти қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ дар ин самт тавзеҳ дода шуданд.
Таъкид гардид, ки баргузории мурофиаҳои сайёри судӣ ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии ҷинояткорӣ ва тақвияти эҳтиром ба қонун мусоидат менамояд.
Суди ноҳияи Вахш 